23 октябр дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҷаласаи сатҳи баланд оид ба омодагӣ ба Конфронси 13-уми вазирони Созмони ҷаҳонии савдо баргузор гардид, ки дар кори он муовини Ввазири рушди иқтисод ва савдо Аҳлиддин Нуриддинзода иштирок ва сухан намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо вобаста ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи узвият дар Созмони ҷаҳонии савдо, мавқеи мамлакат оид ба вазъи глобалӣ, бахусус ислоҳот дар Созмони ҷаҳонии савдо ва низоми савдои бисёрҷониба сухан гуфта, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созмондиҳандагони ҳамоиш минатдорӣ баён намуд.
Дар ҷаласа асосан масъалаҳо вобаста ба такмили мавзуъҳои Конфронси 13-уми вазирони Созмони ҷаҳонии cавдо, аз ҷумла вазъи кунунии савдои ҷаҳонӣ, мушкилот, норасоиҳо ва имконияти рушди ҳамкорӣ ва дигар самтҳои тақвияти фаъолияти низоми савдои бисёрҷониба мавриди баррасии ҳайатҳо қарор дода шуданд.
Масъалаи дигаре, ки мавриди муҳокима қарор гирифт, ин қабули Созишнома оид ба субсидияи моҳидорӣ буд. Қабул гардидани ин Созишнома дар доираи Конфронси 13-уми вазирони Созмони ҷаҳонии cавдо моҳи феврали соли 2024 дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб дар назар аст.
Созишномаи Созмони ҷаҳонии cавдо ба субсидияи моҳидорӣ бо мақсади устувории уқёнусҳо тавассути манъи субсидияҳои зараровар барои моҳипарварӣ равона шудааст. Ин сабаби асосии камшавии густурдаи захираи моҳӣ дар обҳои ҷаҳонӣ гардидааст.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон