Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фуруғи маърифат» оғоз гардид

Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» директори Институти физикаю техникаи ба номи С.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Шокир хабар дод.

Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ,  литсей ва гимназияҳо, донишҷӯёни мактабҳои олӣ, намояндагони касбу кори гуногун аз рӯи номинатсияҳои математика; физика ва астрономия; химия; биология; география; технологияи иттилоотӣ; ва ихтироъкорӣ ва навоварӣ ба институтҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тақсим шуда,  озмунро оғоз намуданд.

Дар озмуни ниҳоӣ аз шаҳри Душанбе 132 нафар, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 79 нафар, вилояти Хатлон 128 нафар, ва вилояти Суғд 120 нафар, аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 120 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд.

Озмун то 27 октябр идома ёфта, сипас ҷамъбаст мегардад.  28 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ  ба ғолибон ҷоизаҳо супорида мешаванд.

Бояд гуфт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад.

Соли 2023 бори аввал озмун дар байни хонандагони муассисаҳои типи нав (литсейҳо ва гимназияҳо) ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар алоҳидагӣ баргузор мегардад. Вобаста ба ин, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ 42 адад зиёд гардида, миқдори умумии онҳо 132 ададро ташкил медиҳад

Ҳамчунин ҷиҳати ҷалби васеи иштирокчиён ба озмун соли равон дар ҳамаи номинатсияҳо ғолибони ҷойи 3-юм аз ду нафар ба се нафар зиёд шуда, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ аз рӯйи ҳар номинатсия ба 6 адад расонида шуд.

Дар ин замина, шумораи мукофоти пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоизаро соҳиб мешаванд, 49 адад зиёд шуда, 84 ададро ташкил медиҳад.

Ҳамин тавр, маблағи умумӣ барои мукофотонидани ғолибон ва баргузории даври чоруми озмун 4 085 000 (чор миллиону ҳаштоду панҷ ҳазор) сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2022 1 740 000 (як миллиону ҳафтсаду чил ҳазор) сомонӣ зиёд мебошад.

Бо дастури Пешвои миллат соли равон барои иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст. Тибқи он иштирокчиёни даври чоруми озмун (хонандагони синфи 11) ба ихтисосҳои фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ бе озмун дар гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон