Дар шаҳри Санкт-Петербург намоиши ҷашнии Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад

Моҳи январи соли 2024 дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Русия дар шаҳри Санкт-Петербург бахшида ба 80-солагии озодшавии шаҳри Ленинград аз фашизм ва корнамоии қаҳрамононаи халқи тоҷик дар он намоиши муштарак баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод.

Барои намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беш аз 100 ашёи гуногуни таърихӣ, аз қабили аризаҳои ихтиёрии иштирокчиёни ҷанг, аксҳо, мусаввараҳо, плакатҳо, сӯзаниҳо, зардевориҳо, лавозимот ва сару либоси ҷангӣ интихоб шудаанд, ки инъикосгари шуҷоату мардонагии мардуми тоҷик дар ғалаба бар фашизм мебошанд.

Бо мақсади омодагӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ баргузор намудани ин намоиш ҳайати кормандони Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Русия дар шаҳри Санкт-Петербург бо роҳбарии  муовини директори генералӣ Юлия Усачева ба Осорхонаи миллӣ омад.

Дар мулоқоте, ки  директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода бо ҳайати меҳмонон анҷом дод, масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти фаъолияти осорхонавӣ баррасӣ гардид.

Ҳамзамон меҳмонон бо осори гуногуни таърихию фарҳангие, ки инъикосгари қаҳрамониҳои халқи тоҷик дар озод намудани шаҳри Ленинград аз фашизм мебошанд, шинос шуданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон