Дар «Боғи Ғалаба»-и шаҳри Душанбе саёҳати оммавии экологӣ баргузор гардид

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба» ва нигоҳдории ҷангал»-и пойтахт аксия ва саёҳати оммавии экологӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ин ташаббус дар доираи амалигардонии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 баргузор шуд.

Зимни баргузории ташаббуси экологӣ иштирокчиён аввал ҳудуди «Боғи Ғалаба»-ро аз партовҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ тоза намуданд. Дар идома аз ҷониби мутахассисони соҳаи кӯҳнавардӣ бо иштирокчиён вобаста ба қоидаҳои сайёҳати экологию кӯҳгардӣ ва истифодаи воситаю таҷҳизоти сайёҳат дар шароити кӯҳсор машғулияти омӯзишӣ-амалӣ гузаронида шуд.

Ҳамчунин иштирокчиён зимни саёҳати экологӣ бо табиати зебо ва маконҳои тамошобоби «Боғи Ғалаба» шинос шуда, ба бозиҳои гуногуни шавқовари варзишию саёҳатӣ машғул гардиданд.

Тазаккур дода шуд, ки солҳои охир бо ташаббуси шаҳрдорӣ баҳри табдил додани шаҳри Душанбе ба шаҳри сабз ва аз ҷиҳати экологӣ тоза тадбирҳои назаррас амалӣ мегарданд. Бунёди боғу гулгаштҳо, шинонидани гулҳои мавсимӣ ва доимамалкунанда ва табдил додани нақлиёти ҷамъиятии пойтахт ба нақлиёти барқӣ далели ин гуфтаҳо мебошанд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе