Масъулини кафедраи сайёҳӣ, рекреатсия ва меҳмондории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо истифода аз иқтидори илмии кафедра бо ҷалби донишҷӯёни боистеъдод дар масири Душанбе-Панҷакент хатсайри нави сайёҳиро фаъол намуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ин тадбир дар доираи иҷрои чорабиниҳои амалисозии «Стратегияи рушди сайëҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон андешида шуд.
Гурӯҳи устодону донишҷӯёни бахши сайёҳии донишгоҳ дар доираи хатсайри Душанбе-Панҷакент ба шаҳри бостонии Панҷакент сафари сайёҳӣ созмон дода, бо ёдгориҳои бостонии ин шаҳри куҳани Тоҷикистон, аз қабили Панҷакенти қадим (асрҳои 5-8), Саразм (ҳазораҳои 4-3 то мелод), мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро (асрҳои 11-14) ва Осорхонаи адабии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ (1941- 2000) шинос шуданд, ки ба ташаккули фаъолияти касбӣ ва руҳияи маънавии устодону донишҷӯён таъсири мусбат мерасонад.
Ҳамзамон дар доираи хатсайри Душанбе-Панҷакент ва шиносоӣ бо ёдгориҳои таърихии Панҷакенти қадим маводи илмӣ ва аксҳои ҷолиб ҷамъоварӣ гардид, ки дар раванди таълим ба донишҷӯёни бахши сайёҳӣ омӯзонида мешаванд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон