Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд

Дар ҳошияи иҷлосияи 25-уми Маҷмаи умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) дар шаҳри Самарқанд Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муъминзод бо муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия  Гёкхан Язги мулоқот намуда, масъалаҳои  густариши ҳамкорӣ байни ду  давлат дар соҳаи сайёҳиро баррасӣ намуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо соҳаи сайёҳиро ҳамчун самти афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ арзёбӣ намуда, табодули таҷриба ва истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаҳои Туркия дар самти хизматрасониро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин масъалаҳои мусоидат дар ҷалби сармояи  Туркия ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаҳои Туркия оид ба пешбурди соҳаи сайёҳии мамлакат муҳокима шуданд.

Дар фарҷом мусоҳибон бо назардошти рушди соҳаи сайёҳӣ ва таҷрибаи Туркия дар самти хизматрасонии баланд ва зарфияту имконияти фаровони Тоҷикистон фаъол намудани ҳамкории Тоҷикистон бо Туркияро дар бахшҳои сайёҳии солимгардонӣ, таърихӣ, варзишӣ, рафтинг ва корӣ хеле муҳим арзёбӣ намуданд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон