18 октябр Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Роҳбари бахши сармоягузориҳои Осиё ва Африқо дар Мудирияти сармоягузории Қатар, Раиси Шурои директорони Ширкати фаромиллии телекоммуникатсионии «Ooredoo Group» Шайх Файсал ибни Сонӣ Оли Сонӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат хабар медиҳад.
Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ муносибатҳои дуҷониба байни ду давлат ба сатҳи олӣ баромадаанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо иброз намуданд, ки сафари давлатии Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 июни соли 2023 ва мулоқотҳои хосса бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муносибатҳои дуҷонибаи байни давлатҳо саҳифаи нав боз намуд.
Ба Роҳбари бахши сармоягузориҳои Осиё ва Африқо дар Мудирияти сармоягузории Қатар/ Раиси Шурои директорони Ширкати фаромиллии телекоммуникатсионии «Ooredoo Group» лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус маблағгузории сохтмони фурудгоҳи байналмилалии мусофиркашонӣ ва карго дар ноҳияи Данғара, замонависозии ҶСК «Ширкати Алюминии Тоҷик» (Талко), кушодани хатсайрҳои мусофирбари мустақим байни Душанбе ва Давҳа, сохтмони НБО Шӯроб, баланд бардоштани рақобатпазирии ширкати “Сомон Эйр” ва сохтмони корхонаи коркард, истеҳсол, консервакунонӣ ва анбори хушккунии меваю сабзавот дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии Данғараро пешниҳод карда шуд.
Дар навбати худ Шайх Файсал ибни Сонӣ Оли Сонӣ ин пешниҳодро хуш пазируфта, омодагии худро ҷиҳати оғози ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои пешниҳодгардида иброз дошт.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкории дуҷониба баён намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон