Долони Фарғона-Сирдарё ба Феҳристи мероси фарҳанги моддии ЮНЕСКО пешниҳод мегардад

16 октябр вохӯрии кории коршиносони соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коршиносони байналмилалӣ оид ба ёдгориҳои таърихию фарҳангии Шоҳроҳи Бузурги Абрешим: Долони Фарғона-Сирдарё дар шакли маҷозӣ (онлайн) баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошариф Абдусаломов, сармутахассиси шуъба Муҳаммадҷон Наботов, мутахассиси шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ Мансур Абдураҳмонов ва бостоншинос, олим, профессор Набиҷон Раҳимов иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки номинатсияҳои Долони Фарғона-Сирдарё низ мисли Долони Зарафшон-Қароқум дар шакли силсилаҷоиза таҳия ва ба Феҳристи мероси фарҳанги моддии ЮНЕСКО пешниҳод мегардад.

Ба долони Фарғона-Сирдарё аз Ҷумҳурии Тоҷикистон объектҳои таърихию фарҳангии Арки Қалъаи Хуҷанд, Шайх Муслиҳиддин, Ҳазрати Шоҳ, Ширин ва дахмаҳои Куркат, Бунҷикат, тасвирҳои рӯйисангии ноҳияи Ашт ва масҷид-мадрасаи Абдулатиф Султон шомил мебошанд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон