Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашри нашриёти «Ирфон» баргузор шуд

Имрӯз дар саҳни Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашри нашриёти «Ирфон» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада хабар доданд.

Иқдоми наҷибро, ки бо ташаббуси нашриёти «Ирфон» доир шуд, ҳайати роҳбарият, профессорон, омӯзгорон, магистрон, аспирантон, докторантон ва донишҷӯёни донишкада ҳамаҷониба дастгирӣ ва бо руҳияи баланди фарҳангдӯстию муҳаббати зиёд ба китобу китобхонӣ истиқбол намуданд.

Дар намоиш-фурӯш китобҳои тозанашре, ки Муассисаи нашриявии «Ирфон» ба табъ расонидааст, аз ҷумла силсиламаҷмуаи «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», ҷилдҳои 1-22 ва «Тоҷикон дар оинаи таърих: Аз ориён то сомониён», «Ҳикоятҳо ва ҳидоятҳо аз «Маснавии маънавӣ»», «Бо азми ду ёр-Сангтӯда-2 тайёр», «Санъати сухан», «Махзани адаб», «Чор дарвеш», «Рубоиёт», «Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ», «Роҳнамои китобдор», «Роҳнамои ношир», «Ҳунар-ҷавҳари зиндагӣ» ба намоиш гузошта шуда, манзури китобдӯстон гардиданд.

Мояи хушнудӣ аст, ки дар ин рӯз аҳли адаб ва омӯзгорону донишҷӯён бо «Роҳнамои пажуҳиши осори Пешвои миллат» ошно гардида, ба масъулони муассисаи «Ирфон» барои чунин иқдоми нек ва фарҳангдӯстона изҳори сипос намуданд.

Бояд таъкид намуд, ки дар доираи ҳамкории Муассисаи нашриявии «Ирфон» бо вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ташвиқу тарғиби китоб дар ҷомеа ба ҳукми анъана даромадааст.

Бо ин мақсад чунин намоиш-фурӯши китоб баргузор шуда, таблиғу ташвиқи ормонҳои миллию ватандӯстӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва тарбияи насли наврас дар ин руҳия, муаррифии адабиёти даврони истиқлол, рушди маънавӣ ва ваҳдату якдилии ҳамватанон амалӣ мегардад.

АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода