Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври сеюми озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» доир гардид.
Озмунҳои мазкур бо ташаббус ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат гузаронида шуда, ин тадбири саривақтии Сарвари давлат на танҳо ба баланд бардоштани сатҳи маърифат, малакаю ҷаҳонбинии сокинони ҷумҳурӣ, алалхусус насли наврасу ҷавон муосидат намуд, балки барои эҳёи анъанаҳои хуби ниёгон низ заминаи боэътимод гузошт.
Дар зер суратгузориши АМИТ «Ховар» дар робита ба ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври сеюми озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон»-Оинаи таърихи миллат» дар пойтахт пешниҳод мегардад.
АКС аз манбаъҳои боз