Тавре қаблан иттилоъ додем, 15 октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Иди Меҳргон дар якҷоягӣ бо Фестивал- намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал, Фестивал-намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Истиқлолияти комили давлатии Тоҷикистон барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон марҳилаи тоза боз намуд. Маҳз бо ташаббус ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Меҳргон дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди миллӣ, табиӣ, файзу баракат, фаровонӣ аз нав эҳё гардида, ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати ба худ хос дар сар то сари мамлакати соҳибистиқлоламон ҷашн гирифта мешавад.
Мушовири Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, академик Давлатҷон Комилзода доир ба анъанаҳои иди Меҳргон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Шаҳлои Садриддин андешаҳояшро баён дошт.
-Меҳгон дар радифи Наврӯз, Сада ва Тиргон яке аз ҷашнҳои куҳантарини тоҷикон буда, таърихи чандинҳазорсола дорад. Ин ид аз давраи Каёниён сарчашма гирифта, дар давраи Сосониён ба ҳукми анъана даромад. Дар замони салтанати Сомониён ба авҷи баланд расида, дар сатҳи давлатӣ гузаронида мешуд. Ҷашни Меҳргон дар аввали моҳи меҳр- оғози фасли тирамоҳи заррин таҷлил гардида, он яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод мебошад. Гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митр ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оини меҳрпарастӣ таъбир намудаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёнидаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст. Меҳргон асоси табиӣ дошта, дар айёми эътидоли кайҳонӣ, баробаршавии шабу рӯз гузаронида мешавад. Аз ин рӯ дар дилу дидаи мардум ҷой гирифта, аз насл ба насл гузашта, то ҳол он ҳамчун ҷашни муқаддас боқӣ мондааст.
Аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ки Меҳргон 15 моҳи меҳрмоҳ оғоз гашта, чандин рӯз идома доштааст. Ин моҳ дар байни мардуми мо бо номи мизон маълум аст, ки ба аввали моҳи октябр ва тирамоҳи заррин рост меояд. Истиқболи ин ҷашн баъди истилои арабу муғул расман манъ гардида, моҳияти он коста гардид. Идҳои суннатии мо, аз ҷумла Меҳргон маҳз дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардида, аз соли 2009 дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо шукуҳу шаҳомати хосса гузаронида мешаванд.
Меҳргон иди мардумӣ буда, асосан кишоварзон онро интизор шуда, дар ин давра ҳосили бо арақаи ҷабин парваришнамудаи худро ҷамъоварӣ менамоянд ва ба зимистон омодагӣ мегиранд. Маҳсулоти кишоварзиро ба намоиш гузошта, идҳои харбуза, тарбуз, себ ва ғайраҳоро таҷлил менамуданд. Маъракаи пуршукуҳ барпо намуда, дастархони ҷашнӣ меоростанд. Аввалҳо дар хони ҷашнӣ таомҳои хоси он гузошта мешуд. Масалан, маҳсулоти нонӣ, аз ҷумла 7 ноне, ки аз 7 намуд ғалладонагиҳо- гандум, ҷав, биринҷ, лӯбиё, мош, нахуд, арзан тайёр мешуд. Инчунин нӯшобаи махсуси Меҳргон аз шарбати гиёҳҳо омода мегардид. Ҳамзамон мурғи меҳргонӣ омода мешуд, ки дар дохилаш ғизоҳои болаззате ҷой менамуданд. Гули шукуфта, шамъ ва заъфарон ба хони идӣ шукуҳи дигаре зам менамуданд.
Дар ин ҷашн намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ барпо мешуд.
Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «таҷлил танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда ҳидоят намояд. Бинобар ин, амалӣ гардонидани чорабиниҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳимтар аз ҳама, худкифо шудани мамлакат аз лиҳози таъмини маҳсулоти ғизоӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимону мутахассисони бахши кишоварзӣ ба шумор меравад».
Қобили тазаккур аст, ки кишоварзони тоҷик ба истиқболи ҷашни Меҳргон бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро зиёд менамоянд. Ҳоло ҳазорҳо тонна меваю сабзавот ва меваҳои хушк истеҳсол шуда, инчунин ба хориҷи мамлакат содирот мешаванд.
Меҳргон иди касбии олимони соҳаи кишоварзӣ низ ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини илмии рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ пурсамар фаъолият намуда, иди Меҳргонро бо дастовардҳои шоиста пешвоз мегиранд. Соли равон ба истиқболи ин ҷашн аз ҷониби олимони Академия 15 навъи зироати кишоварзӣ офарида шуда, ба комиссияи давлатӣ супорида шуд. Инчунин 6 навъи зироати серҳосилу ба тағйирёбии иқлим тобовар дар майдонҳои васеи ҷумҳурӣ кишт мешаванд. Ҳоло навъҳои офаридаи олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз 45 то 80 фисади майдонҳои кишти ҷумҳуриро ишғол менамоянд. Олимони академия дар соҳаи чорводорӣ низ ба дастовардҳои зиёд ноил гардиданд. Типи шаҳринавии гӯсфанди ҳисорӣ ва чорвои сергӯшти тоҷикӣ аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ таҳқиқ гардида, саршумори онҳо зиёд гардидааст. Ҳамзамон навигарии дастовардҳои олимон бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, аз ҷумла, 6 патент ва 12 шаҳодатномаи муаллифӣ тасдиқ гардидааст.
Меҳргон- ин ҷашни бошукуҳи миллӣ мо ва фарҳангу маданияти моро дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Ҷашни Меҳргон ҳамасола ба мардуми тоҷик файзу баракат ва фаровонӣ ато менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»