Дар шаҳри Норак дар мавзуи ҳунар ва ҳунармандӣ ҳамоиш доир шуд

11 октябр дар шаҳри Норак бо иштироки сокинону фаъолон ва намояндагони касбу кори гуногун дар мавзуи «Ҳунар — сармояи безаволи миллат» ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хабар доданд.

Таъкид гардид, ки мавриди баррасӣ ва шарҳу тавзеҳ қарор гирифтани мавзуи ҳунар ва ҳунармандӣ муҳим буда, ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ин самт саривақтӣ мебошад.

Дар идома мафҳумҳои ҳунар, ҳунарманд, касб, пеша, шуғл, меҳнат ва кору пайкор аз нигоҳи бунёдӣ ва фалсафӣ шарҳу тавзеҳ дода шуданд. Гуфта шуд, ки ҳунар гаронбаҳотарин сармоя буда, дар ҳама ҳолату вазъият инсонро муваффақу саодатманд нигоҳ медорад.

«Ҳунар шахсро бузургию азамат ва шаҳомат бахшида, зиндагӣ ва ҳаёти ӯро маъно медиҳад. Аз ин рӯ, омӯхтани ҳунар ва истифодаи он дар ҳаёт яке аз рисолатҳои аслии ҳар шахс маҳсуб шуда, моро вазифадор менамояд, ки дар омӯзиши ҳунар ва ба наслҳои баъдӣ мерос гузоштани он талоши созгор варзем», — тазаккур дода шуд дар ҳамоиш.

Иброз гардид, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо шарофати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ заминаи мусоиди рушди тамоми навъҳои ҳунар ва ҳунармандӣ фароҳам омад.

Тавре дар ҳамоиш изҳор доштанд, анвои ҳунарҳое, ки сайёҳон ва гардишгарони хориҷӣ ба онҳо таваҷҷуҳи зиёд доранд, бояд дар тамоми шаҳру ноҳияҳои сайёҳии мамлакат, аз ҷумла шаҳри Норак рушди бештар дошта бошанд. Барои бо шуғл фаро гирифтан ва соҳибкасб намудани нафароне, ки шуғл ва ҳунар надоранд, то имрӯз чандин лоиҳа ва консепсияву барномаҳо қабул гардида, дар ҳоли амалишавӣ қарор доранд.

Дар фарҷом ба китобхонаи марказии шаҳри Норак ҷилдҳои китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» тақдим карда шуд.

АКС:  Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон