Дар Хонаи дӯстии Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ифтитоҳ шуд

Бахшида ба 30-солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар Хонаи дӯстии Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон  бо ибтикори   Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

 АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон иттилоъ медиҳад, ки  дар маросими ифтитоҳи гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода, сардори Раёсати Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Темирбек Каппасов ва намояндаи ҳукумати шаҳри Остона  сухан намуданд.

Ҳамчунин дар ҳамоиш намояндагони корпуси дипломатии муқими Қазоқистон ва ҷамъияти тоҷикон  иштирок намуданд.

Сафири Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода оид ба эҳё ва рушди  мероси фарҳангии тоҷикон сухан  намуда, иброз дошт, ки ҳадаф аз таъсиси гӯшаи фарҳангииТоҷикистон  муаррифии фарҳанги мардуми тоҷик, расму ойин ва дигар  анъанаҳои миллӣ мебошад.

Дар гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар шаҳри Остона сӯзанӣ, созҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ аз атлас, гулдӯзӣ, чакан, ҳунари кандакорӣ, расмҳои манзараҳои Тоҷикистон ва ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон