Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон машғулияти байналмилалии CollAsia – 2023 ба анҷом расид

6 октябр дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» машғулияти байналмилалии омӯзишӣ таҳти унвони «Қоидаҳои илмии нигоҳубини коллексияҳо (CollAsia 2023)», ки 18 сентябр оғоз ёфта буд, дар фазои тантанавӣ ба анҷом расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода ба намояндагони давлатҳои дуру наздик баҳри иштироки фаъолона изҳори сипос намуда, гуфт, ки ин машғулият ба густариш додани ҳамкорӣ заминаи мусоид мегузорад.

Директори генералии Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ Веббер Ндоро иброз намуд, ки ин машғулият саводнокии илмӣ, иқтидори иштирокчиён ва муассисаҳои онҳоро баланд бардошта, имкон медиҳад, ки онҳо падидаҳои вайроншавии коллексияи меросашонро зуд дарк ва устуворона идора намоянд.

Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон изҳор намуд, ки ҳамкорӣ байни сохторҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ боз ҳам густариш меёбад.

Барои иштирок дар Машғулияти байналмилалии омӯзишии «Қоидаҳои илмии нигоҳубини коллексияҳо (CollAsia 2023)» ба иштирокчиён Гувоҳнома дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки машғулият бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” дар якҷоягӣ бо Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ (ICCROM) ва шарикии Институти миллии тадқиқотии мероси фарҳангии Ҷумҳурии Корея (NRICH) ва Маъмурияти мероси фарҳангии Ҷумҳурии Корея (CHA) аз 18 сентябр то 6 октябр маротибаи нахуст дар байни давлатҳои Осиёи Миёна дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Машғулият тавассути маърузаҳои сатҳи баланди интерактивӣ, дарсҳои амалӣ, аз ҷумла кори гурӯҳӣ ва боздидҳои омӯзишӣ гузаронида шуда, иштироки кормандони бахшҳои гуногун ва фарҳангҳои мухталиф муҳити мусоид фароҳам овард, то муошират ва иштироки муассир таъмин гардад. Давоми машғулият бо истифода аз захираҳои мавҷуда ва ташаббусҳои дахлдор алоқамандӣ байни илм ва нигоҳубини коллексияҳо дар заминаи маҳаллӣ омӯхта шуд.

Дар машғулият иштирокчиён дар мисоли муассисаҳои худ сатҳу раванди омӯзиш, табодули таҷрибаҳои дахлдори давлатҳо, пешниҳоди лоиҳа оид ба беҳтар намудани нигоҳубини коллексияҳо ва устуворӣ дар муассисаҳои худро, ки тавассути истифодаи усулҳои илмӣ амалӣ мегарданд, баён намуданд.

Дар доираи машғулияти байналмилалӣ мутахассисони ботаҷриба аз Ҷопон, Дания, Малайзия ва Сербия ба иштирокчиён дарс доданд.

 АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон