Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ Президенти Ҷоми Халиҷ Ҳамад бин Халиф бин Аҳмад Ал-Таниро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар мулоқот масоили марбут ба соҳаи варзиш, бахусус футбол ва рушди он дар минтақа баррасӣ гардид. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташрифи меҳмони олиқадрро ба пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, аз муносибот дар соҳаи варзиш ва дигар самтҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот Президенти Ҷоми Халиҷ Ҳамад бин Халиф бин Аҳмад Ал-Танӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш, хосатан футбол ибрози назар намуда, иброз намуд, ки барои рушду густариши соҳа тадбирҳои мушаххасу амалӣ ба роҳ монда мешаванд.
Ҳамчунин Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ иброз доштанд, ки ҳамкории дуҷонибаи судманд хеле хуб ба роҳ монда шуда, мутахассисони тоҷик таҷрибаи худро оид ба менеҷменти футбол ва тибқи талаботи муосир ташкил намудани мусобиқаҳо сайқал медиҳанд.
Сипас Созишномаи ҳамкорӣ ҷиҳати рушд ва пешрафти футбол ба имзо расонида шуд.
Мулоқот дар фазои самимият, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардид.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе