Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбаев

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонии дӯстона анҷом доданд.

Дар рафти суҳбат Нурсултон Назарбоев Сарвари давлати моро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрику таҳният гуфта, таманниёти беҳтарини худро иброз намуданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо анъанаҳои пурифтихору таърихии муносибатҳои нек ва дӯстии мардумони ду кишварро мавриди таъкид қарор дода, аз раванди рушду тавсеаи минбаъдаи онҳо ҷонибдорӣ намуданд.

Пешвои миллат дар навбати худ ба Нурсултон Назарбоев сиҳатмандии комил, саодати рӯзгор ва некуаҳволӣ орзӯ намуданд.