Дар Душанбе бахшида ба 2500-солагии шаҳристони Тахти Сангин Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир гардид

Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 2500-солагии шаҳристони Тахти Сангин таҳти унвони «Тахти Сангин-намоди омезиши Шарқу Ғарб» Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор гардид.

Дар симпозиум бостоншиносони ватанӣ, олимон аз 14 мамлакати дунё ба тариқи ҳузурӣ ва ғайриҳузурӣ иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш паёми табрикотии дабири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле ба саҳми ҳозирин расонида шуд.

Симпозим аз чор бахш иборат буд.

Дар бахшҳои дигари конфронс олимони ватанию хориҷӣ доир ба Тахти Сангин ва дигар ёдгориҳои нодири тоисломии Осиёи Марказӣ маърузаҳои илмӣ намуданд.

Пагоҳ иштирокдорони конференсия барои дидани шаҳристони Тахти Сангин ба ноҳияи Қубодиён сафар менамоянд.