«СИМО ВА РАНГ». Дар Самарқанд намоиши асарҳои бадеии рассомони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мешавад

6 октябр дар шаҳри Самарқанди Узбекистон намоиши асарҳои бадеии гурӯҳи рассомони Тоҷикистон ва Узбекистон таҳти унвони «Симо ва ранг» баргузор мешавад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳомидова хабар дод.

Намоиши асарҳо бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон  дар якҷоягӣ бо Иттифоқи эҷодии  рассомони Узбекистон баргузор шуда, дар он асарҳои рассомони тоҷик Илёс Мамадҷонов, Далер Миҳтоҷев, Баҳром Исматов ва аз ҷониби Узбекистон Нуриддин Исоев ва Аҳмад Исоев  ба намоиш гузошта мешаванд.

Намоиш дар доираи амалӣ намудани муносибатҳои фарҳангии ду ҷумҳурии дӯсту бародар пешбинӣ шудааст.

АКС: Иттифоқи рассомони Тоҷикистон