Роҳбарияти Вазорати фарҳанг бо корҳои анҷомёфта дар ёдгории таърихӣ-фарҳангии шаҳристони Тахти Сангин шинос гардид

Боздиди роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ёдгории таърихӣ-фарҳангии шаҳристони Тахти Сангин дар арафаи таҷлили ҷашни 2500- солагии ёдгорӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанг хабар медиҳад.

Зимни сафар роҳбарият бо ёдгорӣ, ҳафриёти бостоншиносӣ ва дигар корҳои анҷомёфта, аз ҷумла болопӯшнамоии ҷузъии ёдгорӣ аз наздик шинос гардид.

Шаҳраки Тахти Сангин ба асрҳои IV то мелод-III мелодӣ мансуб буда, таҷассуми маданияти элинӣ ба шумор меравад. Ин шаҳри замони антиқа бо сабки юнонӣ сохта шудааст. Тахти Сангин мавзеи таърихие аст, ки димна ва ё шаҳрак унвон гирифтааст.

Ин ёдгорӣ дар соҳили рости Амударё, поёнтар аз маҳали ҳамроҳшавии дарёҳои Панҷ ва Вахш, дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон воқеъ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 11 ноябри соли 2021 зимни ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО тибқи тавсияи Шурои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ номинаи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардид.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон