Пешвои миллат дар Форуми иқтисодии Берлин оид ба афзалиятҳои хоси Тоҷикистон иттилоъ доданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон, ки 29 сентябр дар шаҳри Берлин баргузор гардид, оид ба бартариҳои хоси Тоҷикистон зимни ҳамкории иқтисодӣ иттилоъ дода, таъкид намуданд, ки «мамлакати мо се афзалияти хос дорад. Яке захираҳои бузурги табиӣ, аз ҷумла захираҳои муҳимми маъдан ва ашёи хом, дуюм имконияти бузурги истеҳсоли энергияи сабз ва сеюм мавҷудияти захираҳои кофии меҳнатӣ ва нишондиҳандаҳои мусбати демографӣ». Сарвари давлати тоҷикон бо мухотаб ба иштирокдорони аврупоии Форум изҳор карданд, ки ин бартариҳои хос «асоси ҳамкории мутақобилан судманди мо мебошанд».

Вобаста ба захираҳо ва истихроҷи маъдан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Дар Тоҷикистон 40 намуд металл ва масолеҳ истихроҷ карда шуда, 800 кони маъданҳои полиметаллӣ, металлҳои нодир ва қиматбаҳо муайян ва кашф гардидааст, ки қисман барои азхудкунии саноатӣ омода мебошанд. Истеҳсоли мис, нуқра, тилло, сурб, сурма, руҳ, литий, волфрам, симоб, металлҳои нодир, сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, намаки сангӣ ва як қатор маъданҳои дигар дурнамои хуб дорад».

Оид ба рушди саноат бо истифода аз энергияи сабз (муҳимтарин захираи табии Тоҷикистон — А.С.) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти корхонаи истеҳсоли аллюминии тоҷикро намуна оварданд: «иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо технологияҳои нав имкон медиҳад, ки алюминий ва дигар металлҳо, инчунин маҳсулоти тайёр аз онҳо бо ҳадди камтарини ихроҷи карбон истеҳсол карда шавад. «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО), ки дар истеҳсолот неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаро истифода менамояд, имрӯз аллакай ба панҷгонаи беҳтарин истеҳсолкунандагони ҷаҳонии «алюминийи сабз» ворид шудааст».

Зимнан барои кишварҳои Аврупо ҳамкории иктисодӣ бо Тоҷикистон хусусан дар бахши сармоягузорӣ ҷиҳати ҷалби технологияи пешрафта фоидаовару самарабахш мебошад. Бо назардошти ин Пешвои миллат гуфтанд, ки «истеҳсоли «алюминийи сабз», мис ва литий дар Тоҷикистон метавонад барои сармоягузорӣ дар истеҳсоли автомобилҳои барқӣ бартарӣ дошта бошанд».

Сарвари давлат зарурати истеҳсоли маҳсулот дар Тоҷикистон ва содироти онро ба Аврупо чунин шарҳ доданд: « дар ояндаи наздик дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо маҳсулоте, ки бо истифода аз «энергияи сабз» истеҳсол мегардад, аз андози карбон озод карда мешавад. Бо назардошти ин ва захираҳои мавҷудаи меҳнатӣ дар оянда истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон, ки барои содирот ба бозорҳои Аврупо нигаронида шудааст, манфиатовар мегардад».

Воқеан ҳам, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар ҳамоишҳои гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ захираву имкониятҳои Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд, барои рушди саноату истеҳсолот, энергетика сармояи хориҷиро ҷалб месозанд ва ин сиёсати муваффақона бешак натиҷаҳои назаррас ба бор овардаанд.

А.Сангзода,
АМИТ «Ховар»