Рустами Эмомалӣ: «Иқдому қарорҳои дар Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023 қабулшаванда ба рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат менамоянд»

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонРаиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи «Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе  2023» 29 сентябри соли 2023 изҳор намудандки ҳадаф аз баргузории форуми байналмилалӣ  муаррифии имконияти сармоягузории Тоҷикистонмубодилаи афкор доир ба таҷрибаи пешқадами шариконгустариши робитаҳои тиҷоратӣтаъсиси корхонаҳои муштарактақвият бахшидани раванди ҷалби сармоя ва таҳкими ҳамгироии Тоҷикистон бо иқтисодиёти ҷаҳон мебошад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори итминон намуданд, ки иқдомоту қарорҳои дар форум қабулшаванда ба рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ мусоидат намуда, дар соҳаву бахшҳои мухталиф санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасанд.

Ёдовар мешавем, ки 29 сентябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» оғоз  гардид. Дар кори форум беш аз 600 нафар соҳибкорону сармоягузорони якчанд давлатҳои олам ва  намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ иштирок менамоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»