Пешвои миллат: «Тоҷикистон барои ташаккули намудҳои гуногуни сайёҳӣ, бахусус, кӯҳнавардӣ, сайёҳии табобатӣ ва экологӣ имкониятҳои зиёд дорад»

Тоҷикистон, ки 93 фоизи ҳудуди он кӯҳсор аст ва табиати нотакрор дорад, барои ташаккули намудҳои гуногуни сайёҳӣ, бахусус, кӯҳнавардӣ, сайёҳии табобатӣ ва экологӣ имкониятҳои зиёд дорад. Қаторкӯҳҳои зебои Тоҷикистон, шаршараҳои оби мусаффо ва дигар манзараҳои беназир ҷаҳонгардонро ҳар сол барои сайёҳат ба кишвари мо ҷалб менамоянд ва шумораи сайёҳон сол ба сол афзоиш меёбад. Ин матлаб имрўз зимни суханронӣ (Паёми видеоӣ) дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ Душанбе – 2023 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён гардид.

Пешвои миллат дар ин суханронӣ тазаккур доданд, ки соли 2022 шумораи сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон омадаанд, қариб ба як миллион нафар расидааст ва интизор меравад, ки соли ҷорӣ ин шумора як миллиону 200 ҳазор нафарро ташкил хоҳад дод.

Сарвари давлат ҳамчунин таъкид намуданд, ки «дар баробари ин, мавҷудияти намудҳои гуногуни гиёҳҳои шифобахш дар кӯҳҳои Тоҷикистон барои рушди соҳаи дорусозӣ имконияти зиёд фароҳам овардааст. Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз панҷ ҳазор намуди гиёҳҳои шифобахш мерӯяд. Ҳукумати Тоҷикистон омода аст, ки пешниҳодоти сармоягузоронро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар самтҳои афзалиятноки зикргардида баррасӣ карда, онҳоро дастгирӣ намояд».

«Аз фурсат истифода бурда, шумо – сармоягузорони гиромиро ҷиҳати роҳандозии ҳамкории зичу судманд ва таъсис додани ширкатҳои муштарак дар самтҳои гуногун даъват менамоям. Аз сармоягузорони дар ин форум ҳузурдошта эҳтиромона даъват ба амал меоварам, ки дар амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ ҳарчи бештар саҳм гузоранд»,-иброз доштанд Президенти мамлакат.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» оғоз гардид. Дар оғоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони Форуми байналмилалӣ бо паёми видеоӣ муроҷиат намуданд.

АКС аз Хадамоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон