Намояндаи Тоҷикистон дар шаҳри Риёз дар вохӯрии вазирони сайёҳӣ иштирок кард

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муъминзод дар вохӯрии вазирони сайёҳӣ, ки 27 сентябр дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оғоз гардид, иштирок кард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ доданд.

Вохӯрӣ ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ бахшида шуда, то 28 сентябр идома меёбад.

Дар ин вохӯрӣ инчунин 50 вазири сайёҳӣ ва намояндагони зиёда аз 100 давлат иштирок карданд.

Иштирокдорон доир ба масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи сайёҳӣ, таъмини фаъолнокии давлатҳо дар ҷамъоварии тадбирҳои муфид барои рафъи мушкилиҳои соҳаи сайёҳӣ дар сатҳи байналмилалӣ, роҳандозӣ ва рушди ҳамкории сайёҳӣ муҳокимаҳо анҷом хоҳанд дод.