Ба рӯйхати Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шудани ёдгориҳои таърихию фарҳангии долони “Зарафшон—Қароқум”: “Панҷакенти қадим”, “шаҳраки Санҷаршоҳ”, “шаҳраки Ҳисорак”, “Гардани Ҳисор”, “Қалъаи Муғ”, “Қум”, “Тали Хамтуда”, “Низоми обёрикунии Токсанкорез” ва “Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммади Башоро”, ки ҳамчун навиди нек дар фазои иттилоотии ҷаҳон паҳн гардид, мояи ифтихори тамоми тоҷикони дунё аст.
Ин падидаи нек аз заҳматҳои бесобиқа ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Ҳанӯз солҳои 1993, ки Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон дар вазъияти вазнини сиёсию иқтисодӣ қарор дошт, Сарвари давлат дар баробари ислоҳоти низоми ҳуқуқӣ ва поягузории низоми иқтисоди миллӣ, инчунин барои муаррифиии фарҳанги пурғановати миллати тоҷик гомҳои устувор гузоштанд. Яке аз ин иқдоми шоиста ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф ва фарҳанг ЮНЕСКО шомил шудани Тоҷикистон буд.
Дар китоби пурмуҳтавои «Чеҳраҳои мондагор» Пешвои миллат изҳор медоранд, ки «даврони начандон тӯлонии истиқлолияти миллии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки мо ба таърихи илму фарҳанги хеш, ки собиқаи чандинҳазорсола дорад, аз мавқеи тоза назар андозем».
Баъдан бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, таҳти ҳидояти Сарвари давлат барои муаррифии фарҳанги оламшумули миллати тоҷик нақши босазо гузошт. Аз замони узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмон ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳама самтҳои гуманитарӣ вусъат ёфта, ҷанбаҳои самараноку созандаро фаро гирифт. Натиҷаи чунин иқдоми созанда буд, ки намунаҳои барҷастаи мероси ғании фарҳангӣ-таърихии халқи тоҷик: мусиқии миллии “Шашмақом”, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, таоми миллии “Оши палов”, “Чакан”, “Фалак” (с.2021),“Латифаҳои Насриддин Афандӣ” (2022), “Куллиёти Мавлоно” (2023), “Кирмакпарварӣ ва абрешимбофӣ” ба рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддӣ, шаҳри бостонии Саразм, ёдгории табиии “Боғи миллии Тоҷикистон” ба рӯйхати мероси фарҳанги моддии ЮНЕСКО ворид гардида, ёдгориҳои таърихию фарҳангии “Шаҳри Ҳисор” бо гузаргоҳи “Марказӣ”, “Дайри буддоии Аҷинатеппа”, “Мадрасаи Хоҷа Машҳад”, “Шаҳраки эллинистии Тахти Сангин”, “Шаҳри асримиёнагии Ҳулбук” ба гузаргоҳи “Амударё”, “Қалъаи Ямчун ва ёдгориҳои водии Вахон” ба гузаргоҳи“Вахон”, “Адрасу атлас”, ҷашнҳои Меҳргон ва Сада, “Рубоб”, “Кашидадӯзӣ”, “Бозиҳои бачагонаи баҳорӣ” дар рӯйхати пешакӣ қарор доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкорӣ бо созмони мазкур диққати хосса зоҳир менамояд. Мисоли равшани он иштироки Роҳбарияти олии мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронс ва семинарҳои сатҳи байналмилалии ин ниҳод мебошад. Инчунин ташрифи роҳбарияти созмон ва намояндагиҳои он ба Тоҷикистон аз нишонаи таваҷҷуҳи хоссаи ин созмони ҷаҳонӣ ба нақш ва мақоми Тоҷикистон дар рушди фарҳангу тамаддуни башарият шаҳодат медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО хеле бамаврид изҳор доштанд, ки “Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад. Дар ин зимн мо аз амалӣ намудани лоиҳаҳое, ки дар рушди маорифу илм, ҳифзи мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии мамлакат барои наслҳои оянда саҳми назаррас доранд, ҳамаҷониба пуштибонӣ менамоем”.
Тазаккур додан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО аҳаммияти ҷиддӣ дода, амалӣ намудани лоиҳаҳоеро, ки дар рушди маориф, илм, ҳифзи мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии мамлакат ва интиқоли онҳо ба наслҳои оянда саҳми назаррас доранд, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ин созмони бонуфуз дар солҳои 2005 ва 2021, ташкили Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон зери унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» аз натиҷаҳи неки ҳамкории манфиатбахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмони ЮНЕСКО мебошад.
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо иқдоми наҷибонаи Пешвои муаззами миллат санаҳои зиёди таърихӣ марбут ба симоҳои шинохтаи адабу фарҳанги тоҷик ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО ворид гардида, дар миқёси ҷаҳонӣ бо шукуҳи хосса таҷлил гардиданд. Аз ҷумла, симпозиумҳои байналмилалии ҳазораи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ (1994), 680 ва 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1995; 2015), 675-солагии Хоҷа Камол (1996), 1000-солагии Носири Хусрав (2003), 1025-умин солгарди Абуалӣ ибни Сино (2005), 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (2007), 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ (2014), 150-солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (2015), 100-солагии академик Бобоҷон Ғафуров (2008), 100-солагии Мирзо Турсунзода (2021), 700 -– солагии Камоли Хуҷандӣ, 100 – солагии асосгузори хареографияи тоҷик, бастакори опера ва рақсҳои тоҷикии замони шуравӣ Ғаффор Валаматзода (соли 2016), 1250 – солагии олим, мутафаккири тоҷику форс Ҳакими Тирмизӣ (соли 2016), 1150 – солагии олим, табиб ва файласуфи тоҷику форс Зикриёи Розӣ, 400 – солагии шоири равшанфикри тоҷику форс Миробид Сайидои Насафӣ (соли 2018), 3000 – солагии шаҳри қадимаи Ҳисор (соли 2015) аз қабили онҳо мебошанд.
Соли 2013 барои ҳамкории судбахш ва саҳми арзандаашон дар таҳкими сулҳу субот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали “60-умин солгарди ЮНЕСКО” қадрдонӣ гардиданд. Иқдоми дигаре, ки Ҳукумати мамлакат таҳти раҳнамоии Пешвои миллат дар самти ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ пеша намуданд, ин фароҳам овардани заминаи меъёрию ҳуқуқии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад. Зимнан бояд иброз намуд, ки дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзу нигоҳдошти мероси таърихию фарҳангӣ 17 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ”, “Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ”, «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Қоидаҳои низоми нигаҳдории мавзеъҳои муҳофизатии объектҳои ғайриманқули мероси таърихию фарҳангӣ”, “Дар бораи танзими ҷавобгарӣ дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, “Дар бораи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025” қабул шудаанд.
Ҳадаф аз таҳияву қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва барномаҳо- ба низом даровардан, ҳифзу нигаҳдошт, тармиму барқарорнамоӣ, истифодаи дурусти мероси ғайриманқули таърихию фарҳангии мамлакат мебошад. Дар омӯзишу таҳқиқи ин ёдгориҳо ва баррасии парвандаҳои номинатсионии тамоми ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ мутахассисони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон нақши босазо доранд.
Дар анҷом мехостам аз суханони ҳикматомези Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шавам: “Таърихи қадимӣ, фарҳанги бою рангоранг, забон ва адабиёти пурғановати миллӣ, хештаншиносиву худогоҳӣ ва дигар муқаддасот асоси ҳастӣ ва бақои миллат буда, ҳар миллати воҳид маҳз тавассути ҳамин арзишҳо ба тамаддун ва таърихи башарӣ ворид мегардад”.
Муҳиддин ПАЙШАНБЕЗОДА,
мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
АКС аз манбаъҳои боз