Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи шарқии Қазоқистон ба номи С. Амонжолова Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар асоси ин санади ҳамкорӣ дар оянда ду муассисаи таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро густариш дода, табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон, даъвати профессорон, гузаронидани таҳқиқоти илмии муштарак, ташкили конфронсу форумҳои муштаракро ба роҳ мемонанд.
Ин санади ҳамкорӣ дар доираи Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Душанбе доир гардид, ба имзо расонида шуд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон