Дар вилояти Хатлон 378 нафар довталабон дар Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» байни ҳам рақобат доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд.
Яке аз иштирокчиёни фаъол сарбози қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назар Раҳимзода мебошад, ки барои иштирок дар озмун омодагии ҷиддӣ дидааст.
Новобаста ба он ки ӯ сарбоз аст ва масъулияти ҳифзи Ватанро бар дӯш дорад, мегӯяд, ки агар шахс завқу шавқи китобхонӣ дошта бошад, дар дилхоҳ кору масъулият фурсати китобхонӣ ёфта метавонад. Ӯ иброз медорад, ки дар китобхонаи қисми ҳарбӣ баъди фориғ шудан аз тамринҳо ба мутолиаи китоб машғул мешавад. Натиҷаи ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтани худро аз мутолиаи зиёд медонад.
Мавсуф изҳор медорад, ки дар қисми низомӣ китобхона фаъолият менамояд, ки сарбозон дар вақтҳои муайяншуда ба мутолиаи китобҳои гуногун машғул мешаванд. Ҳамзамон дар он маҳфили «Китобхонҳо» ташкил шудааст, ки хеле шавқовар мегузарад.
Ба гуфтаи ӯ, мутолиаи ин асар дар замони муосир хеле муҳиму муфид аст. Аз ин рӯ хондан ва дарки маънову мафҳуми ин шоҳасар вазифаи хурду бузурги миллати тоҷик, бахусус насли наврасу ҷавон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» соли аввал аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Он ба дарёфти чеҳраҳои нав, наврасону ҷавонони лаёқатманд, худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва таърихдон мусоидат менамояд.
АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон