Сафари Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Тоҷикистон анҷом ёфт

Нимаи дуюми 15 сентябр пас аз иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки 14-15 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардиданд, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев аз шаҳри Душанбе ба Остона баргашт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаевро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуда, масъалаҳои мубрами робитаҳои дуҷониба, ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла имконияти афзоиши ҳаҷми гардиши молро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар Кохи Борбад дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ҳамроҳ бо сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» иштирок намуда, пас аз он дар шаҳри Душанбе бо Намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ шинос шуд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»