Дар Душанбе Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад

14 сентябр, соати 10:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  дар мавзуи «Иқтисоди рақамӣ, савдои рақамӣ ва инноватсия» Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат  хабар доданд.

Ҳамоиш  дар чаҳорчӯби Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки 14-15 сентябр дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст,  доир мегардад.

Дар Форуми мазкур  иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдои  Тоҷикистон, Вазири иқтисоди миллии Қазоқистон, Вазири молия ва иқтисоди Туркманистон ва Вазири инноватсия, саноат ва савдои Узбекистон пешбинӣ шудааст.

Дар нишасти мазкур  баъди сессияи пленарӣ 3 сессия дар мавзуъҳои «Мубодилаи таҷриба ва дурнамои ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ ва ҷорӣ намудани низоми ҳукумати электронӣ дар ҷумҳурӣ», «Таҷриба ва дурнамои ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи инноватсия» ва «Мубодилаи таҷриба ва муайян намудани дурнамои ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ ва рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ» гузаронида мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»