Бахшида ба таҷлили 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии ноҳияи Нуробод баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар намоиш-фурӯши мазкур кишоварзон ва аҳли ҳунари ноҳияи Нуробод номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, нонию қаннодӣ ва намунаҳои қадимию муосири ҳунарҳои мардумии ноҳияро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 9 то 15 сентябр дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ гузаронида мешавад.
Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ҳамарӯза соати 08:00 оғоз ёфта, қисмати намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бегоҳирӯзӣ доир мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур