Ба ҳамагон маълум аст, ки 14-15 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир мегардад. Ҳамзамон дар ин рӯзҳо дар пойтахти Тоҷикистон баргузории ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин маврид таваҷҷуҳ намоед ба андешаҳои коршиноси масоили сиёсӣ, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ Парвиз Муҳаммадзода.
— Бояд гуфт, ки қаблан дар доираи қолаби Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Маркази тибқи тартиби муайяншудаи ҷорӣ раёсат ва баргузории навбатии чорабинӣ, яъне вохӯрии панҷуми нишасти мазкур ба уҳдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда буд.
Тоҷикистон ҳамчун яке аз давлатҳои калидии Осиёи Марказӣ дар баргузории чорабиниҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таҷрибаи зиёд дошта, борҳо макони баргузории чунин нишастҳои сатҳи олӣ гардидааст.
Дарвоқеъ, имрӯз нақш ва мавқеи Осиёи Марказӣ дар шароити дигаргуниҳои куллӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ беш аз пеш меафзояд. Осиёи Марказӣ дар ҷаҳони муосир ба таври воқеӣ мавқеи муҳими стратегиро ишғол менамояд. Минтақа дорои иқтидори бузурги созанда буда, дар оянда метавонад муҳаррики дигаргуниҳои ҷиддӣ гардад. Дар баробари ин имрӯз Осиёи Марказӣ оқибатҳои тамоми мушкилоти дар ҷаҳон ба амаломадаро пурра аз сар мегузаронад. Дар шароити воқеияти геополитикии имрӯза ба назари мо, барои шукуфоии минтақа сулҳу суботи пойдор, дастгирии мутақобила, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак зарур аст. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф давлатҳои мо тамоми захираҳоро доранд, то ки омили муҳимми таъмини субот ва рушди устувори минтақа гарданд.
Мояи хушнудӣ аст, ки вақтҳои охир давлатҳои минтақа таҷрибаи муваффақи худро дар ҳалли аксар масъалаҳои байнидавлатӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод намудаанд. Маҳз бо ҳамин мақсад Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро дар шаҳри Душанбе доир менамояд.
Бояд гуфт, ки пойдории муколамаи боэътимод ва рушди минбаъдаи муносибатҳо байни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамаи самтҳо яке аз авлавият дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Вохӯриҳои сатҳи олӣ дар Душанбе ба таҳкими раванди рушди ҳамкории минтақавӣ ва пойдории минбаъдаи амнияту субот дар минтақа мусоидат менамоянд.
Вохӯрии ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади рушд, таҳким ва тақвияти муносибатҳои неки ҳамсоягӣ байни давлатҳо, таҳкими амнияту субот дар минтақа, тавсеаи робитаҳои бародаронаи халқҳои Осиёи Марказӣ доир мегардад.
Илова бар ин нишасти мазкур бо мақсади табдил додани минтақаи Осиёи Марказӣ ба фазои сулҳ, ҳамкорӣ, рушди устувор ва шукуфоии муштарак ва таҳкими муносибатҳои байни давлатҳои минтақа баргузор мегардад.
Ҳамзамон метавон гуфт, ки вохӯрии мазкур бо мақсади такмили механизмҳои ҳамкории дарозмуддат ва мутақобилан судманд ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар минтақа ва таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ дар асри 21 доир мегардад.
Бояд иброз намуд, ки аз рӯи натиҷаҳои Вохӯрии панҷуми машваратӣ қабули якчанд санади муҳим дар назар аст, ки муҳимтарини он Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд.
Дар нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе муҳимтарин масъалаҳои мавриди баҳс — масоили тақвияти ҳамкории минбаъдаи ҷонибҳо дар самти сиёсию амниятӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, амнияти озуқаворӣ, амнияти обӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, муҳоҷират, нақлиёту логистика, обу энергетика, экология, иқлим, масоили фарҳангию гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои ба манфиати ҷонибҳо муҳим мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор мегиранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нишасти мазкур таҳлил ва баррасии чунин масъалаҳо, аз қабили таъмини амният ва сулҳ дар минтақа, буҳрони Афғонистон, мубориза бар зидди таҳдиду чолишҳои минтақавӣ, таъмини амнияти дастҷамъӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ дар Осиёи Марказӣ, амнияти обӣ, соҳаи сайёҳӣ, рушди устувори иқтисодии минтақа, сармоягузорӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии дохилиминтақавӣ, мавзуи беҳдошти обу иқлим ва экология, энергетика, нақлиёту логистика ва инчунин масоили фарҳангию гуманитариро махсусан муҳим мешуморад.
Дар доираи саммити мазкур ҷониби Тоҷикистон инчунин ташкили якчанд чорабиниҳоро бо иштироки давлатҳои Осиёи Марказӣ ба нақша гирифтааст, ки онҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкории давлатҳои минтақа дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ нигаронида шудаанд. Ҳамин тариқ, дар шаҳри Душанбе Форуми иқтисодӣ, Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти миллӣ, Вохӯрии аъзои Муколамаи занони пешвои Осиёи Марказӣ, Намоишгоҳи рассомон, Нахустин форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, Вохӯрии вазирони нақлиёт ва Консерти тантанавии устодони фарҳанг ва санъати давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор хоҳанд шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки 10 марти соли 2023 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вохӯрии панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалиро дар мавзуи «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамҷаворӣ, ҳамёрӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак» баргузор намуд. Дар кори ҳамоиш роҳбарон ва коршиносони марказҳои таҳлилии давлатҳои Осиёи Марказӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ иштирок намуданд.
Дар конфронс нақши мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини амният ва суботи минтақавию байналмилалӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои минтақа дар самти мазкур таҳлил гардиданд. Ҳамзамон сиёсати ҳамҷаворӣ ва ҳолату дурнамои ҳамкории тиҷоративу иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун омили муҳимми таъмини субот ва рушди устувор дар шароити тағйироти куллӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бояд тазаккур дод, ки пӯшиши иттилоотии ҳамоиши мазкур ҳам аз ҷониби воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва ҳам хориҷӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шуд.
Хулоса, Осиёи Марказӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи афзалиятнок дорад ва Тоҷикистон ҳамкорӣ бо давлатҳои минтақаро муҳимтарин василаи рушди муштарак ва таъмини сулҳу субот мешуморад.
Тоҷикистон роҳи ҳалли ҳама гуна мушкилоти минтақавии ба миёномадаро танҳо дар чаҳорчӯби музокироти сулҳ ҳамчун муассиртарин василаи ҳалли онҳо медонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша аз ташаббусҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки ба рушд ва шукуфоии Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд, ҷонибдорӣ менамояд. Татбиқи амалии лоиҳаҳо танҳо дар сурате имконпазир аст, ки дар минтақа ва атрофи он сулҳу субот ҳукмфармо бошад.
Дар умум бояд гуфт, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша хислати сулҳҷӯёна ва беғараз касб намуда, дар оянда низ чунин боқӣ хоҳад монд.
Парвиз МУҲАММАДЗОДА,
муовини директори Маркази тадқиқоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илмҳои сиёсӣ
АКС аз бойгонӣ