Имрӯз дар шаҳри Анталияи Туркия машғулияти омӯзшӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи касбии намояндагони сохторҳои давлатии соҳаи сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо оғоз гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Нарзулло Ализода аз шаҳри Анталияи Туркия.
Зимни ифтитоҳи машғулият муовини Раиси Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Салимзода иброз дошт, ки дар Тоҷикистон барои ба таври пурра роҳандозӣ намудани тамоми иқтидор, неруи кадрӣ, донишҳои назариявию амалӣ ва дар маҷмуъ, омода намудани кадрҳои болаёқати соҳаи сайёҳӣ ва дар ин замина рақобатпазир будани онҳо дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Таъкид гардид, ки саноати сайёҳии замони муосир яке аз соҳаҳои рушдёбанда ва сердаромади иқтисоди ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт омода намудани мутахассисони ихтисосманди соҳа ва саҳмгузорӣ дар беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ барои муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати сайёҳӣ нақши муҳим мебозад.
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ташкили дурусти кор ҷиҳати таъмини хизматрасонии сатҳи баланд ба мизоҷону сайёҳон дар меҳмонхонаҳо, ошхонаву тарабхонаҳо, инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба мамлакат, таъмини ҳаракати бемамониати шаҳрвандон бо истифода аз нархҳои дастрас, ташкили хатсайрҳои нави парвози тайёраҳо ва ба талаботи сатҳи байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳо дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбутаи мамлакат тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ меандешад.
Гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон ҳамасола соҳаи сайёҳӣ рушд ёфта, бунёди роҳҳои сатҳи байналмилалӣ, нақбҳо, инфрасохтори сайёҳӣ, таъсиси осоишгоҳҳо дар минтақаҳои гуногуни мамлакат бештар такмил меёбад.
Ёдовар мешавем, ки машғулият аз 11 то 17 сентябр идома меёбад.
Нарзулло АЛИЗОДА,
Душанбе- Анталия,
АКС: АМИТ «Ховар»