10 сентябр як гурӯҳ намояндагони бахши сайёҳии Тоҷикистон ба шаҳри Анталияи Туркия сафар намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Нарзулло Ализода, ки дар ин ҳайат шомил аст.
Ҳадаф аз сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон — иштирок дар курсҳои омӯзишӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони сохторҳои давлатии соҳаи сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладон, соҳаи меҳмондорӣ ва воситаҳои ахбори омма дар Ҷумҳурии Туркия мебошад.
Омӯзиши таҷрибаи сайёҳии ин кишвари пешрафта ва табодули таҷриба имкон медиҳад, ки хизматрасонии соҳа ба сатҳи баланд бардошта шавад, зеро Туркия аз ҷиҳати рушди туризм дар ҷаҳон мақоми хоссаро доро мебошад.
Тарбияи мутахассисони соҳибтаҷрибаю касбӣ ва пешниҳоди хизматрасонии сатҳи байналмилалӣ яке аз ҳадафҳои «Стратегияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷиҳати таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳии мамлакат ба ҳисоб меравад. Асосан зимни сафар намояндагони субъектҳои хизматрасонии Тоҷикистон курсҳои «Туроператор», «Туреган», «Роҳбалад», «Ошпаз», «Меҳмонхонадорӣ» ва ғайраро меомӯзанд.
Барнома бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат ва шарикони рушд амалӣ мегардад.
Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»