13 сентябр дар Душанбе масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт дар ҷаласаи нахустини вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ мегардад.
Дар Вазорати нақлиёти мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷаласаи нахустини вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳошияи баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд, аз ҷумла Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар Душанбе баргузор мешавад.
Вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ масоили ҳамкориро дар соҳаи роҳу нақлиёт баррасӣ намуда, интизор меравад, ки санадҳои дуҷонибаву бисёрҷониба ба имзо расонида шаванд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар пойтахти Тоҷикистон якчанд чорабиниҳои канорӣ гузаронида мешаванд, ки ба дурнамои рушди ҳамкории давлатҳои минтақа дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангу гуманитарӣ нигаронида шудаанд. Форуми иқтисодӣ, намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти миллӣ, муколамаи занони Осиёи Марказӣ, намоишгоҳи рассомон, нахустин форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, консерти тантанавии устодони фарҳанг ва санъати давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҳамин ҷумла мебошанд.
АКС аз манбаъҳои боз