Имрӯз ба муносибати ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра кормандони сохторҳои гуногуни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар фаъолияти корӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоиста Тоҷикистон, медали Хизмати шоиста ва Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуд.
Сараввал муҳтарам Асадулло Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ – 32-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, саҳми кормандони телевизион ва радиоро дар татбиқи сиёсати иттилоотии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррасу муассир арзёбӣ кард. Таъкид шуд, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби сиёсии минтақа ва ҷаҳон намояндагони сохторҳои Кумита, ба сифати дастгоҳи муқтадири идеологии давлат, бояд аз пештара бештар ҷаҳду талош ва дар сангари муборизаҳои иттилоотӣ масъулияти дучанд зоҳир намоянд.
Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид аз номи кормандони сохторҳои Кумита барои қадрдонӣ бо мукофотҳои давлатӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки кормандони сохторҳои кумита минбаъд низ дар самти татбиқи сиёсати иттилоотии давлат, тарғиби арзишҳои миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ҳадафҳои стратегии давлат бо дарки баланди масъулият фаъолият хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, 30 август 15 корманди сохторҳои гуногуни Кумита дар қатори намояндагони дигар вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуда буданд. Ҳамин тариқ дар арафаи ҷашни истиқлолияти давлатӣ дар маҷмӯъ 45 корманди сохторҳои гуногуни Кумита бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гаштанд.