ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ МАРКАЗИ НАВИ ҲУНАРМАНДӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД

Дар маҳаллаи  “Азизбеков”- и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии «Сад ранги чакан» мавриди ифтитоҳ қарор гирифт, ки дар он омӯзиши ин навъи ҳунар ба ҷавондухтарон ва бонувон ба роҳ монда мешавад. 

Дар марказ  барои 20 нафар ҷавондухтарон ва бонувон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шуда, минбаъд теъдоди ҷойҳои корӣ зиёд карда мешавад. 

Дар расми ифтитоҳи он намояндагони ноҳияи Исмоили Сомонӣ  ва дигар шахсони масъул иштирок ва аз шароити фароҳамгардида дар ин маркази омӯзишӣ дидан намуданд. 

Чакан як навъ гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимист, ки бештар миёни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Ин ҳунари мардумӣ дорои таърихи ниҳоят куҳан буда, пеш аз ҳама, рамзи баҳор аст ва гулдухтарони тоҷик онро дар ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, чорабиниҳои фарҳангии давлатӣ, истиқболи меҳмонони олиқадр, тӯю маъракаҳои хонаводагӣ ба бар менамоянд. 

Аз қадим давлату миллатҳоро аз рӯи фарҳанг, тамаддун, урфу одат ва либоси миллиашон мешинохтанд ва ин рукн ҳанӯз ҳам риоя мегардад. Тоҷикон дорои фарҳанги қадимӣ буда, маълум мегардад, ки либосҳои миллии мо қудрати дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намудани миллатро доранд.