САЗОВОРИ ТАҲСИНУ ОФАРИН! Дар Остона ҳунармандону кадбонуҳои чирадасти вилояти Суғд маҳорати воло нишон доданд

Тавре қаблан иттилоъ додем, дар доираи сафари кории  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Ҷумҳурии Қазоқистон  дар пойтахти ин давлат — шаҳри Остона намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил  шуд.

Дар намоишгоҳ сабзавоту полезӣ, мева, ғалладонагӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистони биҳиштосо дар шаклҳои гуногун бо тасвирҳои зебо пешниҳод гардид.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, дар гӯшаҳои гуногуни намоишгоҳ барои сокинони шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар даҳҳо кат ва суҳбаткадаҳои бо санъати баланд кандакоришуда, ки маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик, аз ҷумла устоҳои чирадасти шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мебошанд, дастархони пурнозу неъмат ороста шуд. Дар назди ҳар хайма кадбонуҳо ва ошпазони моҳир ба сокинону меҳмонони шаҳри Остона таомҳои миллии мардуми тоҷикро омодаю пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, аз ҷониби ошпазҳои моҳири шаҳри Хуҷанд дар як деги 1-тоннагӣ оши палов омода шуд.

Сокинону меҳмонони шаҳри Остона ба ҳунари волои кадбонуҳо ва ошпазони моҳири тоҷик, ки таомҳои миллӣ омода намуданд баҳои баланд дода,  таҳсину офарин гуфтанд.