«ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН…». Таҳти чунин унвон дар Самарқанд намоиши рассомони тоҷик ифтитоҳ гардид

Дар шаҳри Самарқанд ба муносибати ҷашнҳои 32- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар доираи таҳкими муносибатҳои дӯстона ва фарҳангии Тоҷикистон ва Узбекистон намоиши мусаввараҳои бадеии рассомони тоҷик таҳти унвони «Дарахти дӯстӣ биншон…» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон иттилоъ доданд.

Намоиш бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон гузаронида шуд.

Инчунин дар доираи намоиш намояндагони Иттифоқи эҷодии рассомони Узбекистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоишгоҳи қадимтарин навъи санъати рассомӣ–«Кундал» -ро ифтитоҳ намуданд.

Меҳмонон бо ҳунари рассомони шинохтаи тоҷик ва шогирдони онҳо, ки дар офаридани санъати кундал шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудаанд, шинос шуданд. Дар намоиш асарҳои ниҳоят пурмазмун ва пур аз рамзҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки диққати тамошобинонро бештар ҷалб намуданд. Намоиши мазкур як ҳафта идома меёбад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон