Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳрҳои калони ин мамлакат, назири Остона, Алмаато ва Чимкент Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намоишгоҳ-ярмаркаи молу маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории намоишгоҳ-ярмаркаи молу маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Чимкент сурат-гузориш омода намудааст.