Масъалаи суръат бахшидани сохтмони хатти «D»-и лӯлаи гази «Туркманистон – Узбекистон – Тоҷикистон – Қирғизистон – Чин» 22 август зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Чин, ноиби Сарвазири Шўрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Хэ Лифэн мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, ҷонибҳо зимни мулоқот бо таваҷҷуҳ ба афзалияти рушди ҳамкории илмию техникӣ, инноватсия ва технологияҳои баланд, масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати таъсиси заминаҳои истеҳсолӣ дар асоси «технологияи сабз», аз ҷумла ба роҳ мондани истеҳсоли нақлиёти барқӣ, панелҳои офтобӣ ва шабакаҳои барқии «ҳушманд» дар Тоҷикистонро муҳокима намуданд.
Дар мулоқоти мазкур мусоҳибон ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Чин, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, савдо, ҷалби сармояи бахши соҳибкории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои нақлиёт, энергетика, саноат, коркарди захираҳои маъдан, кишоварзӣ, дорусозиро, ки ба ташаккули занҷираи истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав дар Тоҷикистон мусоидат менамояд, муҳокима намуданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Хэ Лифэн ҳамкориро ҷиҳати ҷалби сармоя ва технологияи муосири Чин дар рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон, гузаронидани тадқиқоти муштараки илмӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба парваришу коркарди меваю сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, пахта, ҷуворимакка ва гандум ва бахши савдои электронӣ зарур шумориданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо дар доираи рушди ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, тавсеаи иқтидори долонҳои транзитӣ ва дар ин робита навсозии нуқтаи назоратию гузаргоҳии «Қулма-Қаросу», амалисозии марҳилаи дуюми роҳи мошингарди Душанбе-Қулма, афзун намудани шумораи хатсайрҳои ҳавоӣ байни ду давлат муҳим арзёбӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки 20 августи соли равон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рафтанд. Дар ин сафар муҳтарам Рустами Эмомалиро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор ташкилоту идораҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ, намояндагони бахши соҳибкорӣ, инчунин дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе