Дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан фаъолона иштирок намуда, сазовори 15 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдуло Маҳкам дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.
Мояи хушнудиии сокинони шаҳри бостонии Истаравшан аст, ки дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон» идома дорад, хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан фаъолона иштирок намуда, сазовори 15 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 1 ҷойи аввал, 4 ҷойи дуюм, 5 ҷойи сеюм ва 5 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Ба ин тартиб аз рӯйи номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 Манижа Фозилова ҷойи дуюм ва хонандаи МТМУ №20 Амира Бобоева ҷойи сеюмро касб намуданд.
Аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосири тоҷик омӯзгори гимназияи №5 Ҳаитбой Шарипов сазовори ҷойи аввал, хонандаи литсейи №1 Оиша Алимова ҷойи дуюм, хонандаи гимназияи №1 Ҳадиса Раҳимова ва хонандаи гимназияи №5 Шараф Исмоилов ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.
Аз рӯйи номинатсияи адабиёти классикии тоҷик омӯзгори литсейи №1 Абдуворис Абдуҷабборов ва хонандаи МТМУ №1 Дурдона Юсупова лоиқи ҷойи дуюм дониста шуданд. Дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон омӯзгори литсейи №1 Толиб Ахунов соҳиби ҷойи сеюм ва дар номинатсияи эҷоди назм омӯзгори МТМУ №13 Шаҳбози Шавкат ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Ҳамзамон хонандаи МТМУ №13 Марям Қодирова, хонандаи МТМУ №47 Судоба Раҳимова, хонандаи гимназияи №5 Фараҳноз Ҷуразода, донишҷӯи коллеҷи тиббӣ Гулсанам Аҳсанзода ва омӯзгори МТМУ №28 Қурбон Соиб сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Бояд гуфт, ки Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» моҳи феврали соли 2023 ба тасвиб расида, ҳадафи он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат ба рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони мамлакат мебошад.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан