Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии шаҳри Бохтар баргузор гардид

20 август дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе  намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони ҳунарманду заҳматкаши шаҳри Бохтар баргузор гардид.

Дар он сокинону меҳмонони пойтахт бо намунаи беҳтарини ҳунарҳои мардумии шаҳри Бохтар ва ҳамчунин намунаи таомҳои миллӣ ва дигар дастовардҳои шаҳр шинос шуданд. Дар ин рӯз ҳамчунин намоиш-фурӯши маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии ин шаҳр ташкил гардид.

Дар зер суратгузориши АМИТ «Ховар»-ро аз баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллии  шаҳри Бохтар пешниҳоди хонандагон мегардонем.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар