Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳавасмандгардонии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, роҳбаладон, ҷалб намудани коршиносони мустақил ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба тарғибу ташвиқи васеи имконоти сайёҳӣ дар сомонаҳои мустақил, густариш бахшидани хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва ба ин васила ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ озмун эълон менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.
Озмуни мазкур аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин ширкати сайёҳӣ», «Беҳтарин меҳмонхона», «Беҳтарин тарабхона», «Сомонаи беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ» ва «Беҳтарин роҳбалад» гузаронида мешавад.
Дар озмун 3 ҷой дар ҳар номинатсия (ҷои якум-1 нафар, ҷои дуюм -1 нафар ва ҷои сеюм -1 нафар) муайян шуда, ғолибон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ бо диплом ва маблағи пулӣ сарфароз мегарданд.
Инчунин нафароне, ки дар озмун фаъолона иштирок варзида, дар ташкили он саҳм мегузоранд, бо сипоснома қадрдонӣ мешаванд.
Талабот ва шартҳои иштирок дар озмунро тариқи https://cloud.mail.ru/public/Ksn8/ivoLAjbsb дарёфтан мумкин аст.
Хоҳишмандон барои иштирок дар озмун ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Академик Раҷабовҳо 3 ё тариқи телефонҳои (+992 37) 227 87 03 муроҷиат намоянд.
Муҳлати охири ҳуҷҷатсупорӣ 15 сентябри соли 2023.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон