«ИНЪИКОСИ ПИРЯХҲО ДАР ОСОРИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОН». Дар шаҳри Хуҷанд намоиш ифтитоҳ ёфт

Ба ифтихори Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 15 август дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд таҳти унвони «Инъикоси пиряхҳо дар осори рассомони Тоҷикистон» намоиш ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ифтитоҳи намоиш намояндагони муассисаҳои зертобеи Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, Китобхонаи оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ, Китобхонаи бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, инчунин роҳбарият ва кормандони Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» иштирок намуданд.

Директори  Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо  Иброҳимзода иброз намуд, ки кӯҳҳои осмонбӯси Тоҷикистон манбаи бузурги пиряхҳо мебошанд. Пиряхҳо захираи дарозмуддати об ва танзимкунандаи табиии ҷараёни дарёҳо буда, яке аз боигариҳои беҳамто ва манбаи оби ширини сарзаминамон маҳсуб мешаванд.

Дар намоиш 19  асар аз офаридаҳои мусаввирони Тоҷикистон  ба монанди Х.Хушвахтов  «Манзара», М.Хошмуҳаммадов  «Дарёи Сурхоб», Б.Серебрянский «Манзара. Такоб», З. Довутов «Сарҳади Ватан», И.Абдураҳмонов «Баҳор», С.Шарипов «Ҳушёрӣ», Шарипов  «Оби мусаффо», К.Файзов «Пиряхи Федченко» ва «Пиряхи Бивачний» ба маъраз гузошта шудаанд, ки тамошобинонро бо манзараҳои кӯҳсори  Тоҷикистон ва зебоиҳои нотакрори табиати диёрамон шинос менамоянд.

Намоиши «Инъикоси пиряхҳо дар осори рассомони Тоҷикистон» дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд то 5 сентябр идома меёбад.

Бояд тазаккур дод, ки яке аз ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 14 декабри  соли 2022 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ қабул шуд, Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон шудани 21 март мебошад. Қабули қатъномаи Маҷмаи умумии СММ дар бораи эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо  ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо барои аҳли башар дар ҳалли масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим,  ҳифзи пиряхҳо ва рафъи норасоии об дар сайёра муҳим ва саривақтӣ буда, бузургтарин дастоварди ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб мешавад.

Бояд гуфт, ки масоҳати умумии пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 8,5 ҳазор км2 буда, қариб 6 фоизи ҳудуди ҷумҳуриамонро ташкил медиҳанд ва дар баландиҳои аз 3500 то 7495 метр  ҷойгир мебошанд. Тоҷикистон аз захираи об бой буда, 13000 пирях, 1300 кӯл, 947 дарё, ҳазорҳо чашма ва обҳои маъданӣ дорад. Аз ин рӯ, рассомон дар асарҳои худ манзараҳои зебо, аз ҷумла пиряхҳо ва табиати диёри кӯҳистонамонро бо меҳру муҳаббати беандоза таҷассум намудаанд.

         АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон