Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар отряди сарҳадии «Дарвоз» дидбонгоҳи сарҳадии «Қалъаи Хумб»-ро ифтитоҳ намуданд

15 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дидбонгоҳи сарҳадии «Қалъаи Хумб»-ро ифтитоҳ намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар отряди сарҳадии “Дарвоз” дидбонгоҳҳои муосири сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Фархор, Шамсиддини Шоҳин ва Панҷи вилояти Хатлонро, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати хеле кӯтоҳ бо сатҳу сифати баланд ва бо техникаву таҷҳизоти муосири низомӣ муҷаҳҳаз бунёд шудааст, ба таври маҷозӣ мавриди истифода қарор доданд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба шароити муосири хизмат ва омодагии ҳайати низомӣ барои ҳифзи марзи давлатӣ дар дидбонгоҳҳои нав фармондеҳони отрядҳои сарҳадӣ дар ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Фархор, Шамсиддини Шоҳин ва Панҷи вилояти Хатлон гузориш доданд.

Дидбонгоҳи сарҳадии “Қалъаи Хумб”-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  мақсади ҳифзи сарҳади давлатӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои сарҳадбонон аз сифр бунёд гардида, дар он барои адои хизмати афсарону сарбозон тамоми имконият муҳайё шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти низомӣ моҳи феврали соли 2023 оғоз гардида, бинои дидбонгоҳи сарҳадӣ дар муҳлати кӯтоҳ мутобиқ ба талоботи замон сохта, ба истифода дода шуд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дидбонгоҳи сарҳадии “Қалъаи Хумб” аз маҷмааи бинои хонаи сарбозон бо 3 ҳуҷраи хоб барои 60 нафар иборат буда, бо тамоми лавозимоти хизмат, аз қабили рахти хоб, маводи шустушӯйии шахсӣ барои ҳар сарбоз пурра таъмин мебошад.

Мавриди тазаккур аст, ки дар дидбонгоҳи сарҳадӣ ошхонаи замонавӣ,  ҳаммоми муосир бо ҳуҷраи буғӣ, ҳуҷраҳои маишию хизматӣ, китобхона, сартарошхона, ҳуҷраҳои кории хизматӣ, анборҳои нигоҳдории силоҳ ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир мебошанд, ки бо тамоми таҷҳизоту  воситаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Дар ҷойи хӯроктайёркунии афсарону сарбозони дидбонгоҳ барои хизматчиёни ҳарбӣ таҷҳизоти муосири автоматикунонида насб шудааст, ки ин тадбир кори сарбозонро ҳангоми омода намудани хӯрок ва пухтани нон осон менамояд.

Дидбонгоҳи сарҳадии “Қалъаи Хумб” дорои системаи алоҳидаи гармидиҳӣ мебошад. Гармии хонаҳои сарбозон, ҳуҷраҳои хизматӣ ва манзилҳои афсарон ба воситаи он таъмин мешавад.

Бо мақсади бо ҷойи истиқомат таъмин намудани афсарон ҳамзамон дар назди дидбонгоҳи сарҳадии “Қалъаи Хумб” 4 манзили зисти дуҳуҷрадор бо ошхона ва ҳаммоми алоҳида барои оилаҳои афсарон сохта шудааст. Манзилҳои истиқоматӣ аз ҷиҳати сохтмонӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бунёд гардида, бо тамоми лавозимоти рӯзгор, аз қабили техникаи маишӣ ва мебели нав пурра таъмин шудааст. Дар саҳни бинои дидбонгоҳ барои истироҳату фароғати фарзандони афсарон майдончаи замонавӣ сохта шудааст.

Ҳамзамон дар ҳудуди дидбонгоҳи навбунёд иншооти зарурӣ, аз ҷумла, анбор барои нигоҳдории маводи ғизоӣ, сабзавот, хочагидорӣ, сӯзишворӣ ва амволи шайъӣ, ҷой барои нигоҳдории воситаҳои нақлиёт,  майдони сафороии сарбозон ва майдончаи варзишӣ ташкил гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар дидбонгоҳи навбунёд бо афсарону сарбозон суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро ба хизмати софдилона ба нафъи Ватан ҳидоят намуданд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки сарҳадбонон бояд чун сипари боэътимод сарҳади давлатиро аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳои замони нав, бахусус гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ ҳифз намоянд.