МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКОН ДАР ЮНЕСКО. Шаҳри қадимаи Саразм- яке аз намунаҳои олии шаҳрсозӣ ва шаҳрдорӣ шомили феҳристи ҷаҳонии ин созмон аст

Бахшида ба 30-солагии ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО хабарнигори АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки оид ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон, аз ҷумла шаҳри бостонии Саразм бо сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳангӣ дар ЮНЕСКО ва ИСЕСКО Мирзошариф Абдусаломов суҳбат намояд. Ҳоло бахши аввали ин мусоҳиба  пешниҳоди хонандагон мегардад.

-Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти дастовард ва сармояҳои бузурги фарҳангӣ ва таърихӣ ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳову ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибфарҳангу соҳибтамаддун ва соҳиби таърихи зиёда аз 5500–сола эътироф гардид. То ин вақт намунаи олии мероси фарҳангиву таърихии моддию ғайримоддии тоҷикон, аз ҷумла «Чакан», «Оши палов», «Шашмақом», «Рубоб», «Наврӯз», «Фалак», ҷойҳои таърихӣ «Саразм» ва ғайра ба Феҳристи мероси ҷаҳонӣ ворид шудаанд.

Ёдгории таърихию фарҳангии шаҳри Саразм соли 2018, №1, дар саҳифаи 84 ба Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Ин шаҳри бостонӣ дар деҳаҳои Соҳибназар, Авазалӣ ва Раҷабалии  Ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ҷойгир мебошад.

Ҳанӯз аз солҳои 2002 инҷониб парвандаи номинатсионии Шаҳраки Саразм ба ЮНЕСКО барои ворид гардидан ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонӣ пешниҳод шуда, то соли 2010 парвандаи мазкур мукаммал гардид ва хушбахтона, соли 2010 бо ташаббусҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори соҳавӣ ба Феҳристи асосии мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ҳамчун объекти таърихӣ–фарҳангӣ ворид шуд.

Ногуфта намонад, ки ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ 12 сентябри соли 2020 дар сатҳи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса ва бо иштироки намояндагони давлатҳои ҷаҳон ва намояндагони ЮНЕСКО таҷлил шуд. Шаҳри қадимаи Саразм мансуб ба аҳди биринҷӣ буда, яке аз намунаҳои олии шаҳрсозӣ ва шаҳрдории тоҷикон ба шумор меравад. Ин гуфтаҳо далели он ҳастанд, ки тоҷикон аз зумраи аввалин қавму миллатҳое мебошанд, ки санъати шаҳрсозиву шаҳрдориро ба вуҷуд овардаанд. Он ҳудуди 100 гектарро дар бар мегирад. Аввалин бозёфти Саразм табари биринҷӣ мебошад, ки онро сокини маҳаллӣ Ашурбой Тайлонов ба таври тасодуфӣ пайдо намудааст. Ин бозёфти ҷолиб, яъне табари биринҷӣ, бостоншиносонро водор намуд, ки дар ин мавзеъ корҳои ҳафриётиро мунтазам ба роҳ монанд. Дар натиҷаи ин ҳафриёт ва ковишҳои археологӣ, ки то имрӯз идома доранд, аз ин шаҳраки бостонӣ бозёфтҳои наву ҷолиб ба даст омаданд, ки оид ба ҳаёти иқтисодӣ ва мадании ниёгони тоҷик дар ҳазораи IV ва II то милод маълумоти саҳеҳ медиҳанд.

Ҳафриёт дар Саразм нишон додаанд, ки дар ин ҷо ҳам биноҳои маъмуриву мазҳабӣ ва ҳам биноҳои истиқоматӣ мавҷуд будаанд. Рустоҳои ҳунармандон бо кӯчаҳо, ки бархеашон сангфарш гардидаанд, аз ҳамдигар ҷудо мешуданд. Чунончӣ яке аз бостоншиносон, ки дар ҳафриёти Саразм фаъолият намудааст, чунин менигорад, ки «биноҳои истиқоматӣ дар самти шимолу ғарбӣ ва биноҳои маъмурӣ дар самти ҷанубу шарқии ёдгорӣ ҷой гирифтаанд. Растаҳои ҳунармандон дар шафати биноҳои маъмурӣ ва кӯчаҳои марказӣ ҷойгир мебошанд. Тарҳи биноҳои истиқоматӣ аз биноҳои маъмурию ҷамъиятӣ ба куллӣ фарқ мекунанд». Аз ин метавон хулосаи қатъӣ баровард, ки шаҳри Саразм аз рӯи нақшаи пешакӣ аз ҷониби меъморони хушсалиқа бунёд гардидааст. Нахусткашшофи Саразм Абдуллоҷон Исҳоқов чунин иброз медорад, ки кашфиёти бостоншиноси Фаронса Анри-Пол Франкфорт дар Шeртутай, бозёфтҳои олими Шуравӣ В. Сарианиди дар Дашлии Афғонистон, А. Аскаров дар Сафолтеппаи назди Шеробод, Б. Литвинский, П. Пянкова, Х. Муҳиддинов, В. Соловѐв дар водиҳои Вахшу Ҳисор, А. Беленитский, Б. Маршак, В. Распопова, Ю. Ёқубов, Я. Ғуломов, А. Аскаров, У. Исломов дар водии Зарафшон ибтидои тамаддуни мардуми Суғду Бохтарро ба ҳазорсолаҳои III-II пеш аз милод баробар менамуданд. Пас чӣ тавр ба хулоса наоем, ки сарзамини ниёгонамон то забткории юнониён яке аз давлатҳои ободу тараққикардаи Мовароуннаҳри Осиёи Миёна будааст?! Агар Мовароуннаҳр обод намебуд, Искандарро чӣ зарурате буд барои  забти ин сарзамин?!»

Аз таҳлил ва таҳқиқоти бостоншиносон бармеояд, ки тоҷикон яке аз аввалин бавуҷудоварандагони шаҳрҳо ва дорои санъати шаҳрсозӣ, тибқи нақшаи пешакӣ бунёд намудани шаҳрҳо мебошанд. Далели бечуну чарои он- шаҳри бостонии Саразм мебошад.

София ШОИК,
АМИТ 
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/ аз манбаъҳои боз