Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни «Дастархонороӣ» баргузор гардид. Тибқи баҳогузории ҳакамони озмун, намояндагони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сазовори ҷои якум гардиданд. Ҷои дуюм ба намояндагони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дода шуд. Намояндагони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ваҳдат ва Ёвон сазовори ҷойи сеюм гардиданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар даври ниҳоии озмун намояндагони шаҳру ноҳияҳое, ки ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта буданд, иштирок намуданд.
Ҳадафи ташкили озмуни «Дастархонороӣ» — ин эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани фарҳанги дастархонороӣ мебошад.
Иштирокчиёни озмун аз шаҳри Исфара ва ноҳияи Тоҷикобод ҷои ифтихориро сазовор гаштанд. Ҳамаи ғолибон бо диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин иштирокчии фаъоли даври ниҳоии озмун Манижа Алиева бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардид.
АКС: Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон