«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо мақсади шаффоф баргузор гардидани даври сеюми он ҷаласаи корӣ доир шуд

Аз 14 то 26 август даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бо мақсади шаффоф баргузор намудани озмуни мазкур дирӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмун, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Вазири маориф ва илм, аъзои комиссия, ҳайати ҳакамони даври сеюми озмун, комиссияи аппелятсионӣ, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф ва дигар масъулон ҷаласаи корӣ доир шуд.

Гуфта шуд, ки соли панҷум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Дар озмун ҳамасола довталабони зиёде иштирок меварзанд ва он ба дарёфти чеҳраҳои наву наврасону ҷавонони лаёқатманд мусоидат менамояд.

Дар ҷаласа ҳамчунин аз аъзои ҳакамон дархост ба амал оварда шуд, ки дар ҷараёни озмун шаффофиятро таъмин намуда, аз рӯйи принсипи ягона ба иштирокчиён баҳо гузоранд ва нафарони лаёқатмандро ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод намоянд.

Инчунин таъкид шуд, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки ҷараёни даври сеюми озмун пурра ба навор гирифта шавад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон