Раддабандии нави шаҳрҳои аз ҳама хатарноктарини Аврупо ва ҷаҳон ба нашр расид

Мувофиқи раддабандии ширкати тадқиқотии Numbeo, Катания дар Ситсилия хатарноктарин шаҳри Аврупо эътироф шудааст. Сипас дар рӯйхат шаҳрҳои Марсел (Фаронса), Бирмингем ва Ковентри (Британияи Кабир) ҷой гирифтаанд. Дар сафи охир ба даҳгонаи шаҳрҳои хатарноктарин Шарлеруа (Белгия), Неапол (Италия), Монпелйе (Фаронса), Лйеж (Белгия), Гренобл ва Нант (ҳар ду Фаронса) дохил мешаванд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба расонаҳои хориҷӣ хабар додааст.

Раддабандӣ аз рӯи якчанд меъёр тартиб дода мешавад. Ғайр аз сатҳи ҷинояткорӣ, ки онро воқеан андоза намудан мумкин аст, инчунин идроки шахсӣ, порахӯрӣ ва ришваситонӣ низ ба назар гирифта мешаванд. Берн, Мюнхен ва Тсюрих аз ҳама бехатартарин шаҳрҳои Аврупои Ғарбӣ номида шудаанд.

Шаҳри аз ҳама хатарноктарини ҷаҳон- ин Каракас дар Венесуэла мебошад. Ҷойҳои минбаъдаро Претория (ҶАҶ), Порт-Морсби (Папуа- Гвинеяи Нав) ва Дурбан (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) ишғол менамоянд. Мувофиқи маълумоти Numbeo, бехатартарин шаҳрҳои ҷаҳон инҳо Ал-Абузабӣ ва Аҷман дар Аморати муттаҳидаи Араб ба ҳисоб мераванд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АЗЕРТАҶ