Дар корҳои таъмиру бозсозии Қалъаи Хуҷанд беш аз 300 нафар мутахассисону сохтмончиён, устоҳои халқӣ, ҳунармандону рассомон, ороишгарону кулолгарон ва кандакорон ҷалб гардидаанд. Ҳамзамон зиёда аз 30 нафар устову ҳунармандон аз шаҳри Самарқанд ба корҳои сохтмонӣ ва ороишӣ машғул мебошанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Роҳбарияти вилояти Суғд бо корҳои таъмиру бозсозии Қалъаи Хуҷанд, ки бо ҷалби олимону бостоншиносон ҷараён дорад, шинос гардид.
Ёдовар мешавем, ки Қалъаи Хуҷанд иншооти бузурги фарҳангӣ буда, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз нав барқарор гардида истодааст.
Дар асоси лоиҳа эҳёи деворҳои куҳандиз, бунёди бинои маъмурӣ, намунаҳои хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шуда, корҳо бо суръат идома доранд.
Роҳбарияти вилоят зимни шиносоӣ аз тақвият ёфтани ҳамкорӣ байни ҷумҳуриҳои ҳамсоя – Тоҷикистон ва Узбекистон ёдовар шуда, ба масъулин барои идомаи корҳои сохтмонӣ тавсияҳо доданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд