ТАХТИ САНГИН. Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бахшида ба 2500-солагии он конференсияи ҷумҳуриявӣ ва озмун доир менамояд

Бахшида ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин моҳҳои сентябр ва октябр дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ ва озмун доир мегардад. Дар ин хусус Ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки баргузории конференсияи ҷумҳуриявӣ ва озмун заминаи мусоид барои шинос шудани донишҷӯён бо таърихи аҷдодӣ ва ниёгон буда, дар ташаккули худшиносию ҳувияти миллии ҷавонон ва таҳкими ҳофизаи таърихии онҳо нақши муассир мегузорад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар донишкада кафедраи «Бойгоншиносӣ» ва ихтисоси осорхонашиносӣ мавҷуд аст, ки донишҷӯён аз он оид ба ёдгориҳои бостонии мамлакат маълумот мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки ёдгории таърихии «Тахти Сангин» дар даврони соҳибистиқлолӣ барои ворид гардидан ба Феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод шуда, моҳи ноябри соли 2021 номинаи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид  гардид.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ 
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»